Дар бораи хизматрасонӣ

Ба «ОҳангБазм» — платформаи миллии мусиқии Тоҷикистон хуш омадед!

«ОҳангБазм» на танҳо як караоке, балки фазои беназири рақамиест, ки дар он муҳаббати Шумо ба мусиқии тоҷикӣ ба ҷоизаҳои арзишманд табдил меёбад. Гӯш кунед, бихонед, бо дӯстон рақобат кунед ва исбот намоед, ки маҳз Шумо ситораи асосӣ ҳастед!

Дар портал чӣ интизори Шумост:

Караокеи миллӣ бо баҳодиҳии AI:Хитҳои дӯстдоштаи эстрадаи тоҷикро бо оҳангҳои босифат (минусовка)бихонед! Зеҳни сунъии мо дақиқии иҷрои Шуморо аз рӯйи нотаҳо арзёбӣ карда, одилона «Нота»-ҳо медиҳад.

Гӯшдиҳии пӯшида Сабти худро бе зикри ном гузоред! Корбарон танҳо ба овози Шумо баҳо медиҳанд, на ба ному насабатон. Лайкҳоро ҷамъ кунед ва дар раддабандии мардумӣ пешсаф шавед!

Викторинаи «Оҳангро биёб»:Оё ҳамаи хитҳоро аз ёд медонед? Сурудро дар 5 сония бишносед ва «Нота»-ҳо ба даст оред!

Навъи обуна

Арзиши обуна

  • 1.50 TJS — дар як рӯз
  • 7.00 TJS — дар як ҳафта
  • 30.00 TJS — дар як моҳ

Меъёри иловагӣ

  • 2.00 TJS — барои бастаи иловагӣ.

*Ҳамаи нархҳо бо назардошти ҳамаи андозҳо нишон дода шудаанд.

Идоракунии обуна

  • Тарзи пайвастшавӣ: Дархости USSD-и *1555#-ро рақамчинӣ кунед (ба Шумо SMS бо пайванди воридшавии худкор фиристода мешавад).
  • Чӣ тавр метавон бастаи иловагӣ харид: Дархости *1555*5#-ро рақамчинӣ кунед ё дар Утоқи шахсӣ тугмаи мувофиқро пахш намоед.
  • Чӣ тавр қатъ бояд кард: Фармони USSD-ро пахш кунед: *1555*00#.

Шартҳои пешниҳод:

  • Ҳамеша ва дар ҳама ҷо! Танҳо бо интернети мобилӣ метавонед суруд хонед, ба дигар иштирокчиён баҳо диҳед ва дар викторина иштирок кунед
  • Пардохти обуна (1.50 TJS/ 7.00 TJS/ 30.00 TJS) ба таври худкор дар як рӯз / ҳафта / моҳ ситонида мешавад. Дар сурати бомуваффақият пардохт шудани ҳаққи обуна, меъёри рӯзона фаъол мегардад: 10 иҷрои суруд дар Караоке ва 5 кӯшиш дар Викторина.
  • Ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ тарофабандии трафики интернет тибқи нақшаи тарофавии ҷорӣ ва захираҳои пардохтшудаи Шумо амалӣ мешавад.
  • Агар Шумо аз хизматрасонӣ тавассути Wi-Fi ё дар шабакаи провайдери дигар истифода баред, система аз Шумо мехоҳад, ки рақами телефонатонро барои авторизатсия ва тасдиқи ҳолати обуна ворид кунед.

Талаботи техникӣ:

  • Барои сабти овози Шумо ва баҳодиҳии он аз ҷониби зеҳни сунъӣ, бояд ба браузер иҷозати дастрасӣ ба микрофони дастгоҳ диҳед.
  • Хизматрасониро ба осонӣ дар браузерҳои мобилии замонавӣ истифода кардан мумкин аст: Chrome, Safari, Yandex Browser дар Android 6.0 ва болотар, iOS 12.0 ва болотар.
  • Кори дурусти микрофон ва плейери аудио дар браузерҳои Opera Mini, UC-browser ва браузерҳои кӯҳнаи дохилӣ кафолат дода намешавад.
  • Ба зеркашии барномаҳои вазнин зарурат нест. Хизматрасонӣ барои ҳамаи муштариён дастрас аст.

Сидқан сароед, бо завқ иштирок кунед ва мукофотҳои пулӣ, гаджетҳои ҷолиб ва ҷоизаи асосиро ба даст оред!